16 декабри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, колективҳои меҳнатӣ, собиқадорони меҳнат, донишҷӯён Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори калони бинои Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорони фаъол ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ироа гардид, тариқи монитор дастҷамъона тамошо ва гӯш намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчунин дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, колективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ва идораву ташкилот кормандон дастҷамъона тамошо карданд.

