Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ ҚИСМИ ҲАРБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо шароити будубоши сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор ба қисми ҳарбии “0124” ташриф овард.
Дар саҳни қисми ҳарбӣ сарҳадбонон саф оростанд ва бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ оғоз гардид. Раиси шаҳр суханронӣ карда, ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозонро ба муносибати Соли нави мелодии 2026 табрику таҳният гуфт ва ба қисми низомӣ дастгоҳи автоматии либосшӯӣ тақдим намуд.
Раиси шаҳр аз ошхонаи сарбозон дидан карда, бо сифати ғизои сарбозон, ҳамчунин бо омодагии ҷангӣ ва муносибати онҳо бо яроқ ва воситаҳои замонавии алоқаи истихоборотӣ шинос гардид.
Сарбозон якчанд намудҳои қувваозмоии варзиширо доир карда, чусту чолокӣ ва нерумандии худро ба намоиш гузоштанд ва аз ҷониби раиси шаҳр ба сарбозони ғолиб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бо мусоидати раиси шаҳр ба муносибати Соли нави мелодии 2026 дар ошхонаи сарбозон дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертии солинавиро пешкаши афсарон ва сарбозону хизматчиёни қисми ҳарбӣ намуданд.