Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲР

29 декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбар ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ва раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ машварати назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин иштирокчиёни машваратро бо мазмуни пешниҳоди прокуратураи шаҳр оид ба пешгирии қонуншиканиҳо ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда, дар масъалаи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар шаҳр давоми соли 2025, шинос намуд.
Сипас, гузоришҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳ оид ба фаъолият дар ҳафтаи гузашта шунида шуд.
Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои гузашта ва ислоҳи камбудиҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, боздид аз иншооти ҷашнӣ, рафти корҳои кишоварзӣ ба назар расидааст, аз масъулин пурсиш намуд ва барои назорати рафти зимистонгузаронӣ, вусъати корҳо дар иншооти ҷашнӣ, таъминоти аҳолӣ бо обу барқи муназзам, назорати тозагии шаҳр, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, шудгор, кишт ва ҷобаҷогузории кишти зироатҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.