Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифта шудааст, ки аз шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, то “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, қад-қади роҳ дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шавад.
Бо ин мақсад рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе кормандлони муассисаю ташкилот ва сокинони шаҳр ба ҳашари умумӣ баромада, ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад.
Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, дар ҳудуди мазкур зиёда аз 3000 дарахти арча шинонида мешавад ва то имрӯз алаккай зиёда аз 1650 ниҳол шинонида шудааст.


