Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КӮДАКОНЕ, КИ ПАДАРУ МОДАРИ ХЕШ ГУМ КАРДААНД

30 декабри соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор 50 нафар ятимонеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд бо парасторонашон ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари шаҳр онҳоро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, афзуд, ки тарбияи инсони солиму комил аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, парасторию дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дорад.
Хусусан, ба ятимон ҳанўз аз овони хурдӣ то ба камол расиданашон аз ҷониби Пешвои маҳбуби миллат ғамхории ҳамешагӣ зоҳир гардида, барои тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан ва пайдо кардани шуғл ва дар ҳамин замина мақому мартаба ёфтани онҳо дар зиндагиашон, тадбирҳои нек андешида мешавад.
Раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки бо шарофати ғамхорӣ ва меҳру муҳаббати Сарвари ятимпарвару меҳрубон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ятимон чун фарзандони содиқу вафодори Ватан ба воя расида, камол меёбанд ва дар ҳифзи ному нанги диёр дар пайравӣ ба падарону бобоёнашон кору зиндагӣ менамоянд.
Сипас, Носирзода Ҷаббор аз номи Сарвари давлат ба ятимон туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили либоси зимистона ва шириниҳо тақдим карда, барояшон саломатию хушбахтӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди донишро таманно намуд.
Ҳамчунин, ба парасторони ятимон изҳори сипос карда, омодагии МИҲД-и шаҳрро барои ҳалли мушкилоти онҳо дар зиндагӣ, баён намуд. Дар ошхонаи мақомот барои дӯстрӯякон дастурхони идонаи солинавӣ ороста, зиёфат дода шуд.