Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МАРКАЗҲОИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Субҳи 30 декабр раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, роҳбарони сохторҳои назорат дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ аз марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳо, таввақуфгоҳу терминали мусофирбарӣ дидан намуд.
Аснои шиносоӣ бо тартибу низом ва нархи маҳсулот дар бозорҳо, раиси шаҳр ба риоя нагирдидани пӯшидани сару либоси махсус аз ҷониби баъзе фурушандаҳо, нагузоштани нархномаи молу маҳсулоти ба савдогузошта дар раставу дӯконҳо эрод гирифта, маъмурони бозорро барои пешгирии аз меъёр зиёд баланд бардоштани нархи маҳсулот, бахусус гӯшт ва дигар намуд маҳсулоти хӯрокаи ниёзи аввал вазифадор намуд.
Ҳамчунин, аз ду дӯкони гӯштфурӯшие, ки МИҲД-и шаҳри Ҳисор бо мақсади пешгирии болоравии нархи гӯшт дар назди бозори марказӣ ва терминали мусофирбарӣ ташкил карда, нархи онро 80 сомонӣ муайян кардааст, дидан карданд ва савдогаронро таъкид намуд бештар гӯшти хушсифатро ба савдо бароранд.
Дар идома, раиси шаҳр аз таввақуфгоҳҳои нақлиёти мусофирбарии атрофи бозорҳо, терминали марказии мусофирбарӣ боздид карда, барои ба низом овардани хатсайрҳо, пешгирии тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои маркази шаҳрак ба кормандони мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.