31 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин ҷаласаи якҷояи комиссияҳои 35-солагии Истиқлолият ва ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа, нахуст мудири шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг – котиби комиссияи 35-солагии Истиқлолият Раҳмонзода Абдураҳмон оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти имҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 ҳисобот дода, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ҷамоат ба ҷамоат таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, полковники хизмати дохила Назарзода Фазлиддин оид ба иҷрои вазифаҳои хизматии кормандони бахш дар соли 2025, шумораи ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта, ғарқшавӣ ва ғайраҳо, инчунин кӯмакҳои аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулодда расонидашуда дар соли 2025 ба зарардидагон, маълумот дод.
Зикр гардид, ки вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби кормандони бахш пайваста корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида, таъмири иншооти муҳофизатшаванда роҳандозӣ гардидааст.
Дар ҷаласа аъзои комиссия бо бандҳои нақшаи чорабиниҳои бахш барои фаъолият дар соли 2026 шинос гардиданд ва муовини раиси шаҳр кормандони бахшро барои пурзӯр намудани фаъолият, сари вақт огоҳ намудани мардум аз ҳодисаҳои хавфнок, ташкил намудани навбатдорӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш, расонидани кӯмак дар ҳолатҳои зарурӣ ба осебдидагон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони экологӣ супоришҳои мушаххас дод.

