Шоми 31 декабри соли 2025 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, зиёиён ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр фарорасии Соли нави мелодии 2026 пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, меҳмонону сокинони шаҳрро ба муносибати оғози Соли нави 2026-ум табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳамасола таҷлили Соли нави мелодӣ ба рӯзҳое рост меояд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди шаҳри Ҳисор бо руҳияи баланди ватандӯстона ва хушнудӣ аз он истиқбол ва самимона ҳамовозӣ менамоянд.
Соли сипаришудаи 2025-ум дар авроқи таърихи давлатдории ватанамон – Тоҷикистони маҳбуб бо дастоварду рӯйдодҳои беназираш бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд ва соле, ки оғоз мегардад, сокинони мамлакат ҷашни барои миллати тоҷик муқаддас ва фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил ва бо дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ истиқбол хоҳанд намуд.
Носирзода Ҷаббор аз дастовардҳо дар самти маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, ба фаъолон, сокинону соҳибкорони сарбаланди шаҳр барои иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки сокинони шаҳр ба ифтихори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро бо 1809 банд амалӣ менамоянд. Соли 2025-ро бо дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию варзишӣ бо садҳои ҷойи корӣ бунёд карданд ва зиёда аз 160 киломер роҳҳои дохилиро мумфаршу бетонпӯш намуданд.
Дар Ватани маҳбубамон, зина ба зина мутолиаи китоб ба як анъанаи неку бузург табдил ёфта, – афзуд дар идомаи суханронӣ раиси шаҳр, тақдими китоби “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оила дастовезе маънавие буд, ки халқи тоҷикро рӯҳбаландиву садоқати бештар эҳдо намуд.
Ҳамзамон, ҳамасола таҳти сарпарастии Роҳбари давлат баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм- фурӯғи маърифат» барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забону таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ таъсири амиқ хоҳад гузошт.
Соли 2025 аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойфии гулобӣ ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардид, ки барои сокинони шаҳри бостонии Ҳисор боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Раиси шаҳр бо итминони комил изҳор дошт, ки соли 2026 низ, барои мардуми сарбаланди шаҳри Ҳисор соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку музаффариятҳои меҳнатӣ хоҳад шуд. Ҳама, якҷо муттаҳид шуда, тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон ва расидан ба пешрафту тараққиёт сафарбар менамоем.
Дар фарҷоми суханронӣ, Носирзода Ҷаббор ба иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва дар симои онҳо бо мардуми шарафманди Ҳисори Шодмон саломативу хушбахтӣ, дар фаъолияти меҳнатӣ иқболу сарбаландӣ, дар рӯзгорашон ободиву осудагӣ ва дар фазои кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонро таманно намуд.
Пас аз паёми шодбошии шаҳрдор базми солинавии сокинони шаҳр идома ёфт. Барномаи консертии театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанги шаҳр, ҳунарнамоии ҳунарпешаҳои маъруф, ҳаҷвнигорон, ҳаваскорони санъат аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳр пешкаш гардида, ба чорабинӣ ҷилои тоза эҳдо кард ва онро пуршукӯҳу хотирмон намуд.



