Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВУСЪАТИ КОРҲОИ САҲРОӢ, ШУДГОР ВА КИШТИ ТИРАМОҲИИ ЗИРОАТҲО ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии шаҳри Ҳисор шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳоро бо маслиҳату тавсияи олимон, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳр шабонарӯзӣ ба роҳ монда, айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳо муташаккилона ҷараён дорад. .
Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, дар шаҳр 6771 гектар замини обӣ ва 3992 гектар заминҳои лалмӣ мавҷуд мебошад. Ба 31 декабри соли 2025 майдони 3772 гектар заминҳои обӣ шудгор шуда, дар майдони зиёда аз 1900 гектар кишти ғалладонагӣ, 201 гектар беда, 201 гектар 16,6 гектар пиёз ва сабзавот, инчунин 1815 гектар заминҳои лалмӣ шудгор шуда, дар майдони 716 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.
Дар саҳро130-140 адад техникаҳои кишоварзӣ сафарбар шуда, кишоварзон тасмим гирифтаанд шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.