Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

5 январи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони масъули ҷамоатҳи шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 таҳлилу баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, дар идомаи машварат Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳисоботи котиби Комиссияи доимӣ оид ба танзими ҷашну маросими шаҳри Ҳисор дар бораи фаъолият дар соли 2025 шунида шуд.