Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУАРРИФИИ СЕ НАФАР МУОВИНОНИ ТОЗАТАЪЙИНИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тағйироти кадрӣ ба амал омад.
16 январи соли 2026 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Нурулло Низомӣ дар ҷаласаи фаъолони шаҳр иштирок карда, се нафар муовинони соҳавии раиси шаҳрро, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин шуданд, муаррифӣ намуд.
Лоиҳаи қарорҳои таъйини Зиёвиддинзода Гулноза Зиёвиддин ба вазифаи муовини раиси шаҳр дар соҳаҳои иҷтимоӣ, Абдулҳақзода Абдулмаҷид Исроил ба вазифаи муовини раиси шаҳр дар соҳаҳои сохтмон, энергетика саноат, алоқа, нақлиёт ва коммуникатсия, Назарзода Баҳодур Ғулом ба вазифаи муовини раиси шаҳр дар соҳаи кишоварзӣ барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор пешниҳод карда шуд.