Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МУКОФОТСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ ҚУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Ҳамасола, дар кишвари мо таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати илмии ҷомеа, рушди тафаккури илмӣ, тақвияти қобилияти эҷодию таҳқиқотии хонандагону ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ташкил ва баргузор гардида, ғолибон дар чор давр қадршиносӣ карда  мешаванд.

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор маросими бошукӯҳи ҷоизасупории даври минтақавии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардида, ғолибон бо “Сипоснома”, инчунин туҳфаҳои пулию молии Кумитаи тадорукоти озмун  сарфароз гардонида шуданд.