Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар гардиданд.
26 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мулоқоти гурӯҳи кории таблиғотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону сокинони шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор меҳмононро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфта, роҳбари гурӯҳ, муовини Сардори Раёсати назорат ва ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Қурбонзода Ватаншо Нарзулло, ва аъзои гурӯҳ – сардори Раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори Кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Каримзода Умар Карим, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Аҳёзода Шоҳрух Табарукшоҳро ба иштирокчиёни мулоқот муаррифӣ намуд.
Сипас, аъзои ҳайати гурӯҳи кории вазорат дар мавзуҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ карда, аз дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар соли 2025 ёдовар шуданд ва ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе, қабул гардидани якчанд қатномаҳои муҳими байналмилалӣ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ва эълон шудани соли 2027-ро ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2025 шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси шаҳр ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳи корӣ барои баргузор намудани чунин як мулоқоти судманд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи шаҳр баргузор гардид, изҳори сипос намуд.