Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

2 феврали соли равон таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор машварати навбатии назоратӣ баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр аҳли маҷлисро бо тағйироти кадрӣ дар нозироти андози шаҳр – фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин гардидани Шарифзода Фаридун ба вазифаи сардори нозироти андози шаҳри Ҳисор, шинос намуд.
Ҳамзамон, масъулин ва иштирокчиёни чорабинии ҷашни Сада дар боғи фарҳанги- фароғатии ба номи Фирдавсии шаҳри Душанберо барои иштироки фаъолона изҳори сипос кард ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳрро барои “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025”, эътироф шудан ва бо “Диплом”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидан, табрику таҳният гуфт.
Дар идомаи машварат, муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколии машваратҳои қаблӣ гузориш доданд.
Аз ҷумла, муовини якум дар бораи рафти сафарбарӣ ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ҳолати риояи далаботи қонуни миллӣ – “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақвияти корҳо дар иншооти ҷашнии 35-солагии истиқлолият, бартарафкунии иншооти ғайриқонунӣ бунёдёфта, фаъолияти зерсохторҳо –шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, омодагӣ Ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарорасии рамазон ва дигар масъалаҳои марбута, муовинони соҳавии раиси шаҳр оиди фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва иҷрои супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои қаблӣ, фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзӣ гузориши муфассал доданд.
Носирзода Ҷаббор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ, рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолият дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, назорати корҳои ободонӣ ва донишу давомоти хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили радиои мавҷии маҳаллӣ, назорати ҳузури ноболиғон дар марказҳои бозиҳои компютерӣ, омодагӣ ба корҳои зимистонаи кишоварзӣ, аз ҷумла тоза кардани заҳбурҳо ва таъмири механизмҳои пойгоҳҳои обкашӣ, таъминоти аҳолӣ бо барқ, об, баровардани партов ва ҷамъоварии маблағи онҳо, ҳолати роҳу нақлиёт, рафти қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳо аз муовинон, раисони ҷамоат, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва муассисаву сохторҳои дахлдор пурсиш карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, мушаххас вазифагузорӣ намуд.