Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

4 феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо намояндагони воситаҳои ахбори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2025, баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр мухтасар аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, инчунин, дастоварду мушкилот дар соҳаҳо дар соли 2025 маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ ба 6 миллиарду 679,9 млн. сомонӣ, баробар гардид ва 1 млрд. 637,6 млн. сомонӣ нисбат ба соли 2024 зиёд мебошад. Суръати рушд дбошад, ба 134 фоиз баробар гардидааст.
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2026”, ки 2071 лоиҳаро бо маблағи зиёда аз 1 млрд. 970,4 млн. сомонӣ дар бар мегирад, дар ҳаҷми 68,3 фоиз таъмин шуда, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба 1 январи соли 2026 аз 1809 банди пешбинишудаи нақшаи чорабиниҳо 1383 банд, ё 76,5 фоиз иҷро шудаас. Дар заминаи иншооти ҷашнии бунёдгардида 746 ҷойҳои корӣ ва танҳо дар соли 2025 дар шаҳр зиёда аз 8500 ҷойҳои кори доимию мавсимӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои кишоварзӣ 5581, сохтмон 2209, саноат 205, савдо ва хизматрасонӣ 426, дигар соҳаҳо бошад 79 ҷой таъсис дода шудааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр 120 ададро ташкил дода, соли 2025 ба маблағи 362 млн.306,6 ҳазор сомонӣ, ё нисбати соли 2024 ба андозаи 18,5 млн. сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол ва коркард карда шудааст.
Соли 2025 шабакаҳои барқи шаҳр 382,1 млн. киловат/соат барқ қабул карда, ҷамъоварии маблағи он 107 фоиз таъмин гардидааст.
Зикр гардид, ки бо назардошти вусъати сохтмони хонаҳои баландошёна, афзудани шумораи марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, барои беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии маркази шаҳр бо барқ, аз зеристгоҳи “Хонақоҳ” кашидани ду хати иловагии баландшиддати барқи 110 киловолта дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои беҳтар намудани фаъолият дар роҳу нақлиёт, соли гузашта бо ҷалби буҷет ва дастгирии соҳибкорон роҳҳои Шарора-Чимтеппа, Ҳисор-Айнӣ, Шарора – шаҳри Душанбе, дар масофаи беш аз 20 километр, инчунин, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 70 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва зиёда аз 200 километр бетону сангфарш карда шуданд.
Рушди соҳаи маорифу тандурустӣ дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад ва ҳоло дар 140 муассисаи таълимии шаҳр зиёда аз 90 ҳазору 400 хонанда, ба таълиму тарбия ва дар 13 муассисаҳои томактабӣ ва 108 Марказҳои инкишофи кӯдак, дар умум зиёда аз 8 ҳазору 100 нафар ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 27,8 фоизи кӯдакони синни 5-6 соларо ташкил медиҳад,- афзуд раиси шаҳр.
Соли 2025 бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ, дар назди муассисаҳои таълимии №16, деҳаи Даҳбед барои 800 хонанда, №29, деҳаи Дучинора барои 400 хонанда, №57, деҳаи Баракат барои 800 хонанда, №78, деҳаи Кӯҳон барои 400 хонанда ва мактаби хусусии “Нури ирфон”, шаҳраки Ҳисор барои 1000 хонанда биноҳои иловагии мактаб сохта ба истифода дода шуд.
Дар маҳаллаи Ганҷрези шаҳраки Шарора бошад, муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 144, дар се ошёна барои 700 хонанда ва дар назди муассисаҳои рақами 21, деҳаи Чуқураки деҳоти Навобод ва рақами 33, деҳаи Равшани деҳоти Ҳисор 6 синфхонаи иловагӣ дар умум барои 4700 хонанда дар ду баст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Айни ҳол, дар назди 31 муассисаи таълимӣ сохтмони бинои иловагии мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва дар маҳаллаи 8-уми шаҳраки Ҳисор, деҳаҳои Хушманзари деҳоти Ҳисор ва Себистони деҳоти Навобод ва маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризо сохтмони 4 бинои мактаби наву замонавӣ барои 3040 хонанда бо маром идома дорад.
Ҳамзамон, барои ба таҳсили томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, дар деҳаҳои Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор барои 150 кӯдак, Баракати деҳоти Мирзо Турсунзода 100 кӯдак ба истифода дода шуда, дар шаҳркаи Ҳисор сохтмони муассисаҳои замонавӣ барои 150 кӯдак ва дар деҳаи Лолагии деҳоти Навобод барои 150 кӯдак ҷараён дорад. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба сохтмони муассисаҳои болозикр зиёда аз 700 ҳазор дона хишт, зиёда аз 1000 дона шифер, зиёда аз 1050 ҷуфт мизу курсии хонанда ва 159 ҷуфт мизу курсӣ ва 159 адад ҷевон барои омӯзгор, 63 адад тахтаи синфӣ дастрас карда шудааст.
Барои таъмин намудани деҳаҳои дурдаст бо хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ, дар деҳаҳои Кӯҳон ва Шопури деҳоти Навобод, Истиқлол ва Ғайратободи деҳоти Сомон, Дарозии деҳоти Алмосӣ ва Латтахораки деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сохтмони нуқтаҳои нави тиббӣ идома дорад.
Дар шаҳр ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, иштироки сокинони шаҳр дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, инчунин, касбомӯзию таҳсил ва бо кор фаро гирифтани ҷавонон, хоса занону духтарон чораҳои амалӣ андешида мешавад. Танҳо давоми соли 2025 аз ҳисоби иншооти ғайрирасмӣ (собиқ масҷидҳо) 9 адад ба тавозуни шуъбаи фарҳанг гузаронида, бо шаҳодатномаи истифодаи ҳуқуқи замин таъмин гардиданд ва ҳамчун китобхона-филиал фаъолият доранд.
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии хеш қарор додааст, аз мақсадҳои асосии кишоварзони шаҳр маҳсуб ёфта,-иброз дошт раиси шаҳр, ҷиҳати тақвияти суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои мақсаднок роҳандозӣ карда мешаванд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 млрд. 588 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати соли 2024-ум 89 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, бо тариқи саволу ҷавоб ва муколамаи озод бо рӯзноманигорон мубодилаи афкор сурат гирифта, раиси шаҳр ба саволҳо, эроду пешниҳодҳои намояндагони нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ оид ба масъалаҳои мавриди назарашон ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Дар фарҷом роҳбари шаҳр иштирокчиёни нишастро ба шаҳри Ҳисор бори дигар хайрамақдам гуфта, афзуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолият, соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Роҳбарияти шаҳр бо такя ба фаъолон, аҳли ҷомеа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ, кӯшиш ба харҷ дода, соли 2026-ро бо натиҷаҳои арзишманд ҷамъбаст хоҳанд намуд.
Итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобила робитаи намояндагони васоити ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ, тавсеа меёбад ва баҳри рушду шукуфоии кишварамон, татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат якҷоя саъю талош хоҳем намуд.