Дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, баъд аз мумфаршкунии қитъаи мушкилгузари роҳ дар самти Искич – Нилу, фаъолони ҷамоат тасмим гирифтанд дар болои дарёи байни деҳаҳои Кафшдӯзон, Нилӯ, Тахт сохтмони кӯпрукеро, ки ҳанӯз 40 сол қабл оғоз гардида нотамом монда буд, аз сар идома бахшанд.
Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси пирони кор, собиқ корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашид ва собиқ раиси хоҷагии “Дружба” Асадулло Абдуллоев рӯи даст гирифта шудааст.
Бо ин мақсад, 7 феврали соли 2026 дар минтақаи роҳи мазкур бо иштироки муовини раиси шаҳри Ҳисор Назарзода Баҳодур, раиси ҷамоат ва ташаббускорону намояндагони деҳаҳои Кафшдӯзон, Шоҳон, Чашмабозорӣ, Тахт, Нилу, Кӯшкаки Мазор, Искич ва дигар деҳаҳои ҳамшафат, ки ин кӯпрук аз ҳама лиҳоз барояшон манфиатҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ дорад мулоқот баргузор гардида, масъалаи оғоз намудани корҳои сохтмон матраҳ гардид.
Иштирокчиёни мулоқот ба хулоса омаданд, ки аз баҳри тарҳе, ки 40 сол муқаддам таҳия шуда, сутунҳои кӯпрук низ, дар баландии наздик ба 10 метр поягузорӣ шудааст, мегузаранд ва тибқи лоиҳаи нав, сохтмони онро аз нав тарҳрезӣ менамоянд.
Муовини раиси шаҳр, ба ташаббускорони иқдоми созанда, ки ба ободонии як гӯшаи диёр нигаронида шудааст, изҳори сипос карда, итминон намуд, ки бо дастгирии ҳамдигар кӯпрук сохта мешавад ва бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони шаҳри Ҳисор, ҳамчун армуғони идона, туҳфа мегардад.
Ташаббускори иқдом Тоҳир Рашид аввалин шуда 10 000 сомонӣ ба тарҳи нав маблағгузорӣ карда, афзуд, ки иқдоми мазкур дар партави корҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – сивупанҷумин солгарди Истиқлолият роҳандозӣ мегардад ва ин интиҳои корҳо набуда, минбаъд низ, сокинони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ барои ободу зебо гардондани диёри худ сарҷамъона, паҳлу ба паҳлуи ҳам саъю талош менамоянд.
Тавре таъкид гардид, бунёди кӯпруки нав, роҳи деҳаҳои дурдасти Нилӯ ва Тахтро ба маркази ҷамоат ва шаҳр 8 километр ва ба заминҳои кишоварзии воқеъ дар мавзеи Хелисойро то зиёда аз 20 километр кӯтоҳ менамояд.


