Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОМОДАГӢ БА БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 5 феврали соли 2026 муовини раиси шаҳри Ҳисор оид ба соҳаи иҷтимоӣ Зиёвиддинзода Г. бо кормандони шуъбаҳои маорифу фарҳанг, директорони коллеҷу литсей, роҳбарони муассисаҳои таҳсилотию фарҳангӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ”, ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа аз иштироки довталабону дастовардҳои солҳои қаблӣ дар даврҳои шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳо ёдоварӣ шуда, омодагии иштирокчиён, камбудиву мушкилотҳои мавҷуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба тағйиротҳои воридгардида ба Низомнома ва тартиби баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026 аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ маслиҳату тавсияҳо пешниҳод гардид.
Муовини раиси шаҳр аз кам иштирок намудани намояндагони касбу кори гуногун, аҳолии маҳал ва занони хонашин дар се даври озмунҳои қаблии ҷумҳуриявӣ изҳори нигаронӣ карда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои маҳаллӣ ва шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омода намудани довталабон ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.