Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

23 феврали соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори 33-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовинони раиси шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳр чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид ва раиси шаҳр суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронӣ раиси шаҳр зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз ниҳодҳои қудратие, ки кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тӯли беш аз сӣ сол аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузашта, ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату миллат табдил ёфтааст.
Дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат як артиши дар ибтидо номукаммали бесарвар, бемакону беяроқ, ки дар шароити ниҳоят вазнини сиёсиву иқтисодӣ зери хайма ташкил шудааст, дар кӯтоҳтарин муддат ба дарвозаи оҳанини давлат, сипари боэътимоди он табдил ёфта, давлати тозаистиқлоламонро аз даҳҳо нақшаҳои моҷароҷӯёна ва кӯшишҳои табадулоти давлатии хоинони миллат, ниятҳои ғаразноку нопоки душманони нотавонбин ҳифз намудааст.
Ҳамчунин, афзуд, ки баҳри ҳифзи ватани муқаддас, тӯли таърих ҳазорон – ҳазор фарзандони фарзонаи халқи тоҷик ҷони ширини худро қурбон кардаанд. Дар ин масир фарзандони Ҳисори шодмон низ дирӯзу имрӯз аз худ ҷасорату матонат нишон доданд ва дар ҳифзи Ватан, марзу буми он сина сипар намуда, номи худро дар саҳифаҳои таърих, дар қатори қаҳрамонони гузаштаи халқи тоҷик ҷовидон карданд.
Ба номи даҳҳо ҷавонмардони шаҳид маҳаллаву кӯча ва мактабҳои шаҳр номгузорӣ шуда, итминон намуд, ки шуҷоату қаҳрамонии онҳо барои ҳамдиёрону ҳамзамонон, мояи ифтихору сарбаландӣ маҳсуб ёфта, боис ба пайравии насли наврас ва ҷавонон ба ин родмардон мегардад. Хотираи неки муборизони роҳи истиқлолу озодиро халқи сипосгузори тоҷик ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳанд кард.
Дар идомаи суханронӣ, раиси шаҳр иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро ба муносибати ҷашн самимона муборакбод гуфта, барояшон саломатию хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва дар роҳи хидмати содиқона ба давлату миллат, ҳифзи марзу буми Ватан комёбиву пирӯзӣ, дар фазои кишвари азиз-Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидон таманно намуд.
Раиси шаҳр ба як қатор афсарону хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки уҳдадориҳои мансабии хешро бо сари баланд, содиқона адо мекунанд, инчунин, ба собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ “Сипоснома”-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣи давлатии шаҳрро таҳдим намуд.
Сипас, қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз гардида, ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро, ки тараннумгари истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва васфи зебогиҳои табиати диёр буд, манзур намуданд.