23 феврали соли 2026 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба қисми ҳарбии 41 008 “В”-и Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зидиҳавоии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар чорабинии тантанавии афсарону сарбозон ва кормандони қисми ҳарбӣ иштирок карданд ва ба ифтихори 33-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Дар саҳни муассиса раиси Кумита ва раиси шаҳр бо ҷавонон ва падару модароне, ки дар чорабинии сарбозон ҳузур доштанд суҳбат карда, онҳоро ба тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи дӯстдории Ватан ва ҳифзи марзҳои он ҳидоят намуданд.
Меҳмонон, бо шароитҳои иҷтимоӣ дар қисми ҳарбӣ шинос шуда, аз хобгоҳ, ошхона, утоқҳо барои машғулияти сарбозон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии қисми ҳарбӣ дидан карданд ва ба сарбозон ҷиҳози санитариву гигиенӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин, бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оила, кадбонуҳои шаҳр бо намунаҳои анвои ширинию пухтупазҳои миллӣ ва меваю сабзавот барои сарбозон дастархони идона ороста, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро пешкаши сарбозон ва меҳмонон намуданд.

