Субҳи имрӯз раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шинос шудан бо рафти кишти зироатҳо, бахусус картошка ва сабзавоти барвақтӣ аз саҳрои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор, Дурбат ва шаҳраки Шарора, инчунин якчанд гармхона боздид намуд.
Аснои сафар, раиси шаҳр ба корҳои тозагиву ободонӣ дар деҳот таваҷҷӯҳ карда, барои вусъати корҳо бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода ба роҳбарони зергурӯҳҳои кории 35-солагии истиқлолият ва кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои болозикр супоришҳои мушаххас дода шуд.

