Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар оғози маросим муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.
Дар маросим варзишгарони муваффақ дар соли 2025 муайян ва қадрдонӣ карда шуданд. Аз шаҳри Ҳисор Аҳмади Фатҳиддин ба сафи беҳтарин варзишгари соли 2025 ворид гардида, Абдуҷаъфари Баҳодур бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағи 15 000 сомонӣ ва мураббӣ Баҳодур Тоҳиров бо маблағи 3750 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

