Санаи 17 феврали соли ҷорӣ дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиҷлоли давлатии Тоҷикистон ва солгарди Ртаъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи Ҷоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо усули «Деҳа ба деҳа» ташкил ва баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Гулаҳмадзода Зулфикор Аҳмад ва муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ намуда, нақши варзишро дар таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дастаҳои “Ҷавонон” ва “Ҷавонон-1”-и деҳаи Ҷавонон бо ҳам рақобат карда, ғолибон бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.


