Субҳи 17 феврали соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ бо мақсади шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо сафари корӣ анҷом дод ва нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, ба номи Шариф Ӯроқов бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо мулоқот баргузор намуд.
Дар мулоқот раиси ҷамоат ва роҳбари зергурӯҳи кории 35-солагии Истиқлолият, дар бораи вазъи воқеии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат ва рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷамоат бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд. Тибқи гузориши раиси ҷамоат нақшаи чорабиниҳо бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 136 бандро ташкил дода, ба санаи 1 феврали соли 2026 иҷрои нақша 99 банд, ё ин ки 72,7 фоиз таъмин гардидааст.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки 87 банд, ё 64%-и нақша ба корҳои ободонӣ, 49 банд, ё 36% ба бунёди иншшоот таалуқ дорад ва мутаасифона, то имрӯз иҷрои 37 банди нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҷамоат таъмин нагардидааст. Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои корҳои боқимонда ва камбудиҳои ҷойдошта дар ҳудуди ҷамоат, ки ҳангоми сафари корӣ ба назар расид, аз масъулин пурсиш намуд.
Сипас, дар идомаи мулоқот барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, саноату сохтмон, кишоварзӣ, инчунин, барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор намудани ҷашнҳои дар пеш истодаи умумимилӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолият, масъулинро вазифагузорӣ намуд.
Дар интиҳо бо иштирокдорони мулоқот муколламаи озод доир гардида, саволу пешниҳодҳои сокинони ҷамоат оид ба мушкилоти ҷойдошта, шунида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки, қабл аз оғози мулоқот, устодони муассиса ба роҳбарияти шаҳр дастовардҳои шогирдонашонро дар озмуну фестивалҳо, ки дар гӯшаҳои махсус гирд оварда шудааст, муаррифӣ карданд ва раиси шаҳр ба заҳмати устодону шогирдони муассиса олӣ баҳогузорӣ намуд.

