Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲБАРИЯТИ ШАҲРИ ҲИСОР БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТАМБАШАВИИ НАҚЛИЁТ ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ МЕАНДЕШАНД

Солҳои охир бо сабаби зиёд гардидани аҳолӣ ва нақлиёти шахсӣ дар шаҳр, ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт афзудааст. Бинобар, роҳбарияти шаҳр дар кӯчаи Ӯроқ Аловиддинов, шафати бозори марказии “Самоҳ” тарҳи ҷадидеро рӯи даст гирифт, ки то андозае сатҳи тамбашавии воситаҳои нақлиётро пешгирӣ хоҳад намуд. Тибқи он аз назди корхонаи “Нонпази Ҳисор” то назди бозори масолеҳи сохтмон байни роҳ панҷара насб карда, ҳаракати бонизоми нақлиёт дар ду самт ба танзим оварда мешавад.
Бо ҳамин мақсад, шоми 26 феврали соли равон раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, прокурори шаҳр Умедҷон Нуриддин Раҳмон, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Азиззода Абдуғафор Қаюм ва сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳр ба минтақаи роҳи мазкур омаданд ва пешниҳоди раиси шаҳр Носирзода Ҷабборро дар ин масир, ҳамчун амри зарурӣ маъқул ҳисобида, дастгирӣ карданд.
Тавре зикр гардид, тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар шаҳр зиёда аз 20 ҳазор мошинҳои шахсӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 5-6 ҳазор воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, мошинҳои шахсии сокинону меҳмонон ва боркашонӣ аз се самт – роҳҳои Чимтеппа-Шарора-Ҳисор, Душанбе-Айнӣ-Ҳисор ва Душанбе – Турсунзода вориди шаҳр мегардад, ё аз он убур менамоянд, ки ба равуои нақлиёт бетаъсир буда наметавонад.
Ҳамчунин, раиси шаҳр сабабҳои тамбашавиро дар ҷараёни бесобиқаи сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази шаҳр ва гаштугузори зиёди нақлиёти боркашу техникаҳои сохтмонӣ, яъне, сербории роҳҳо, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон карда миёнабур кардани роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон дар ҷойҳои манъшуда, баъзан фаъол набудани чароғакҳои роҳ (светофор) ва ғайраҳо маънидод кард ва афзуд, ки ин падида ба иқтисодиёт, ва сатҳи зиндагии сокинон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки насби камераҳои назоратӣ, ба низом овардани нуқтаҳои ҷамъшавии таксиҳо, ташкил намудани хатсайри автобусу микроавтобусҳо дар маркази шаҳр барои коҳиш додани ин мушкилот то андозае мусоидат менамояд ва оянда дар ин самтҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ тасмими ҷиддӣ гирифта хоҳад шуд.