БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Нимаи дуюми рӯзи 25 феврали соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии давлатии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар саҳро ва омодагии пойгоҳҳои обкашӣ шинос гардиданд.
Меҳмононро, ки раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ҳамроҳӣ мекард, нахуст дар хоҷагии “Ҳайдар Миров” бо майдони кишти пиёзи барвақтӣ шинос гардиданд.
Сипас, дар хоҷагии деҳқонии “Содиқзода” аз токзори хоҷагӣ ва дар хоҷагии деҳқонии “Меҳнат” аз майдони олузор дидан карда, дар бораи риояи қоидаҳои агротехникии буриши току дарахтон ва башаклдарории онҳо бо боғдорон суҳбат намуданд. Ҳамчунин, дар хоҷагии деҳқонии “Меҳнат” дар маъракаи кишти картошка иштирок карда, ҷиҳати коркард, ғизодиҳӣ ва парвариши он ба деҳқонон тавсияву маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар интиҳои сафари корӣ, меҳмонон ба пойгоҳи обкашии “Чоряккорони Нав”-и Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо корҳои таъмиру тармими канал ва ҳолати омодагии механизиму дастгоҳҳои обкашии пойгоҳи мазкур, ошноӣ пайдо карданд.

