2 марти соли 2026 дар Кохи фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи шаҳри Ҳисор бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмуродзода Сурайё иштирок ва суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи шаҳри Ҳисор табрику таҳният гуфтанд.
Нотиқон, аз ҷумла зикр намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Ҳисор ба марҳилаи нави рушд ворид гардид ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 октябри соли 2013 доир ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили 3000 – солагии Ҳисор дар шаҳри Душанбе бо ҳузури аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин, роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони бонуфузи ноҳияи Ҳисор машварати корӣ доир намуда, масъалаи соли 2015 таҷлил намудани 3000-солагии Ҳисорро ба миён гузоштанд.
Ба шарафи ин ҷашни пуршукӯҳ тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар доираи омодагӣ ба ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, инфрасохтори шаҳр ба куллӣ дигаргун ва аз нав бунёд ва симои шаҳр ба ҷашни муқаддасу таърихӣ ба таври идона ороста шуд ва соли 2015-ум 3000-солагии Ҳисор пуршукӯҳ таҷлил гардид.
Роҳбари давлат зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавии ҷашнӣ аввалин бор аз минбари баланд барои табдили ном кардани ноҳия ба шаҳри Ҳисор мужда расониданд ва ин паём аз ҷониби мардуми Ҳисор гарму самимӣ истиқбол гардид.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат, дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуруъ аз 3 марти соли 2016 собиқ ноҳияи Ҳисор ба категорияи шаҳр мансуб донистаниста шуд ва, ҳамасола, дар оғози фасли баҳори фархундапай, сокинони шарафманди шаҳр ин санаи муборакро гиромӣ дошта, пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.
Ҳисор симои худро ба куллӣ дигаргун намуда, даҳҳо корхонаҳои хурду калони саноатӣ, муассисаҳои таълимию табобатӣ, майдону толорҳои варзишӣ, роҳу пулҳои нақлиётгард, биноҳои зиёди баландошёна бунёд гардид ва гулгашту хиёбонҳои зебо арзи вуҷуд карда, ба шаҳр шукӯҳу шукуфоӣ эҳдо намуд.
Тавре раиси шаҳр иброз дошт, – давоми даҳ соли охир аҳолии шаҳр бештар аз 80 ҳазор нафар афзуда, ба 362 ҳазор нафар расид. Аз ин ҳисоб зиёда аз 11 ҳазор хоҷагии нав таъсис ёфта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 3000 манзили истиқоматӣ бунёд гардид. Айни ҳол, дар маркази шаҳр, тибқи нақшаи генералӣ барои 50 ҳазор аҳолӣ сохтмони манзили истиқоматӣ идома дорад.
Танҳо барои бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии марказ ва деҳот дар доираи таҷлили 30 ва 35-солагии Истиқлолият зиёда аз 140 чоҳи амудӣ канда шудааст ва бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон зиёда аз 60 муассисаи соҳаи маориф ва зиёда аз 30 муассисаи соҳаи тандурустӣ бунёд ёфт, ки дар беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум нақши муассир дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 70,5 млн. сомонии соли 2015, дар соли 2025 ба зиёда аз 290 млн. сомонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, аз 498 млн. сомонии соли 2015 дар соли 2025 дар ҳаҷми 1,5 млрд. сомонӣ афзудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра теъдоди толору майдончаҳои варзишӣ ва муассисаҳои соҳаи фарҳанг ба маротиб афзуда, рушду такомул ёфтааст.
Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҷолиби консертиро пешкаши меҳмонону сокинони шаҳр намуданд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни “Беҳтарин мутахассиси соҳа” бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор, ки дар доираи эълон гардидани “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор эълон намуда буд, баргузор гардид.



