2 марти соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор аз намоиши дастовард ва ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳр, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи шаҳр ташкил карда шуд, боздид намуданд.

