Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

7 марти соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, занону бонувон ва модарони муътабари шаҳрро, ки дар чорабинӣ ҳузур доштанд ва дар симои онҳо занону бонувонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр самимона муборакбод гуфт.
Ҳамзамон афзуд, ки ҳамасола, дар айёме, ки фасли зебои сол – баҳори Аҷам оғоз ёфта, табиат аз нав эҳё ва хурраму дилкаш мегардад, мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри бостонии Ҳисор, ҳамчун рамзи эҳтироми бепоён ба мақому мартабаи зан – Модар ин санаи муборакро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш карда, ба номи покаш ҳамду сано мехонанд ва мо низ, рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро қадр карда, ба сиришти поку номи некашон арҷ мегузорем,-иброз дошт Носирзода Ҷаббор.
Пешвои муаззами миллат ғамхорӣ ба занону бонувонро рисолати ҷавонмардии ҳар фард маънидод карда, таъкид доштанд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо бирасем, Мо набояд фаромўш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғўши гарми ў бузург шудаанд».
Зикр гардид, ки имрўз аз шумораи умумии зиёда аз 100 ҳазор занони қобили меҳнат дар шаҳр, 6272 нафарро занони роҳбар, кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, саноат ва сохтмон, фарҳангу варзиш ва кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 13 нафар ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ, 73 нафар вакилони ҷамоат, як нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, баҳри таҳкими қонуният ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ раиси шаҳр дар фазои тантанавӣ ба як қатор занону бонувоне, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр хизмати арзанда карда, дар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд, “Сипоснома” ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.