Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

АЁДАТИ МОДАРОНИ СОБИҚАДОР АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади боздид аз шароити зиндагии модарони собиқадор ва таманниёт ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар ба ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод ва шаҳраки Ҳисор ташриф овард.
Дар доираи сафар ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, раиси шаҳр дар деҳаи Муъминобод аз ҳавлии собиқадори меҳнат, модари 102-сола, ки дар корзори заҳмату ҳаёт пухтаву бо обилаи кафи дастон фарзандони зиёдро ба камол расондааст – момои Гулсун Норова дидан кард ва дар баробари расонидани паёми табрикӣ суҳбати гарму самимӣ орост. Саҳми Гулсун Нороваро, ки умри пурбаракати хешро пурра дар саҳро байни ғаллазору пахтазор, боғу роғ сипарӣ карда, бо меҳнати шабонарӯзӣ нони ҳалоле, ки меёфт як умр қаноатмандиву шодиву нишот, рӯзгори тинҷу манзили обод дошт, барои фарзандон намунаи ибрат ва омӯзиш маънидод намуд. Ба гуфти фарзандон, модар дар ин синну соле, ки дорад шунавоияшро аз даст дода бошад ҳам, аз биноӣ ва нури чашмонаш шикоят надорад. Раиси шаҳр ба масъулин, барои дар наздиктарин фурсат дастрас намудани дастгоҳи махсуси шунавоӣ ва аробачаи маъюбӣ ба модар, супориш дод.
Дар Ҷамоати шаҳрки Ҳисор раиси шаҳр ба табрикоти собиқадорон дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, сокини маҳаллаи Пахтаобод Фароғат Юсуфова ва дар соҳаи маориф, сокини маҳаллаи Омӯзгор Бибикалон Мардонова омад ва бо рӯзгору зиндагии онҳо аз наздик шинос гардида, барои заҳмати бесобиқаи меҳнатӣ, тарбияву ба камол расонидани шогирдону фарзандони солеҳ изҳори сипосу эҳтиром намуд.
Ҳамчунин, бо ҳидояти раиси шаҳр, бахшида ба Рӯзи Модар муовинони якум ва муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ, аз рӯзгори даҳҳо занону бонувони фаъоли шаҳр, собиқадорони соҳаҳои саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, инчунин, оилаҳои собиқ раисони шаҳр дидан карда, дар баробари расонидани паёми табрикотии раиси шаҳр, туҳфаҳои таъсиснамудаи МИҲД-и шаҳрро тақдим намуданд.