14 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон ва масъулони идораҳои роҳу нақлиёт дар шаҳр, дар кӯчаи Ӯроқ Аловиддинов аз минтақаи роҳи назди бозори “Самоҳ”, ки таъмиру панҷарагириаш ба итмом мерасад, боздид намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки роҳи мазкур бо иқдоми роҳбарияти шаҳр бо мақсади пешгирӣ кардан аз тамбашавии нақлиёт роҳандозӣ гардид ва ҳолат бозгӯи он аст, ки тамбашавии нақлиёт то андозае пешгирӣ хоҳад шуд.
Тавре, аснои боздид аз роҳи мазкур раиси шаҳр иброз дошт, гарчанде, ки ҳаракати мошинҳо дар 6 қатор, дар ду самт роҳандозӣ шудааст, барои пешгирӣ аз тамбашавӣ, бояд ронандагону пиёдагардон низ, бо маърифати баланди шаҳрнишинӣ ба талаботи қоидаҳои роҳ риоя намоянд. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ масъулияти бештарро дарк намоянд ва нисбати ронандагону пиёдагардоне, ки талаботҳои аломатҳои роҳро риоя накарда, қоидаҳои роҳро дағалона вайрон мекунанд, чораандешӣ намоянд.

