Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР ДАР МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА

14 марти соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ба прокуратураи шаҳр ташриф овард ва дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи мақомоти прокуратура иштирок ва суханронӣ карда, кормандони прокуратураро ба ифтихори солгарди рӯзи таъсисёбӣ табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилонаю адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти прокуратура дар кишвари мо таҳкиму такмил ёфта, сокинони мамлакат, ҳамчунин, мардуми диёри бостонии шаҳри Ҳисор дар симои кормандони соҳаи прокуратура сипари боэътимоди худро мебинанд ва ба кору фаъолият ва малакаи касбии Шумо эътимоду эҳтироми хоса доранд.
Ҳамчунин, саҳми кормандони прокуратураро дар таъмини назорати риояи қонунҳо, волоият ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ шоиста арзёбӣ карда, итминон намуд, ки минбаъд низ, дар доираи ҳамкориҳои судманд ба манфиати давлату миллат софдилона хизмат хоҳанд намуд.
Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Умедҷон Нуриддин Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр барои таманниёт ва илтифот ба кормандони прокуратура изҳори сипос карда, аз дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таърихи таъсисёбӣ ва рушди прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд ва афзуд, ки кормандони мақомоти прокуратура ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат дар татбиқи одилонаи қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ, дар умум ҳифзи асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ содиқона фаъолият менамоянд.
Дар маҷлиси тантанавӣ як зумра кормандон барои меҳнати софдилонаю бенуқсон дар мақомоти прокуратура, иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.