Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИД АЗ КОРҲОИ БАРҚАРОРКУНИИ КАНАЛИ ҒӮРИЁТ

Cубҳи 28 март раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор  ба Ҷамоати деҳоти Навобод сафари корӣ анҷом дода, дар деҳаи Ситора бо рафти азнавбарқароркунии канали Ғӯриёт дар ин минтақа, ки чанде пеш фуру рафта буд, шинос гардид. Раиси шаҳр аз ҷараёни корҳо изҳори нигаронӣ карда, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои барқароркунии канал ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва Мирзо Ризо, инчунин аҳолии деҳоти мазкур бо оби полезӣ, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.