1 апрели соли 2026 дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост!” чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ наваскарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, наваскарон ва ҷавонони фаъол аз назди бинои комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр, бо шиорҳои ватандӯстона, бо садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр оид ба омодагии наваскарон барои иштирок дар чорабинии Рӯзи даъватшаванда ва садо додани суруди миллӣ суханронӣ карда, ҷавононеро, ки бо амри виҷдон, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, хайрамақдам гуфт ва ба волидайну устодонашон изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки ба туфайли ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус, дастгириву ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмату сукунати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтару хубтар гашта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашта дар минтақа, ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда ва таъмини суботу амнияти кишвар, ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бо нангу номус эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона, сафи ихтиёриён пайваста афзуда, имсол дар рӯзи аввали даъват зиёда аз 250 нафар ҷавонон ба Комиссариати шаҳр ҳозир шуданд.
Зикр гардид, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 80 нафар ба курсҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб гардиданд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд ва дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда содиқона хизмати ватан хоҳанд намуд.
Дар чорабинӣ, инчунин собиқадорони меҳнат, падару модари даъватшавандаҳо, сарбозе, ки айни ҳол адои хизмат дорад ва даъватшавандаҳо суханронӣ карда, аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуданд ва ҳамзамон, хизмати ҳарбиро барои ҷавонон мактаби бузурги тарбияи ҷисмию равонӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идома ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр Барномаи консертииро пешкаши наваскарон карданд. Рақсу шодии наваскарон, дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ошхонаи “Саъдӣ” барои даъватшавандагон дастархон оросата шуд.




