Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲР АЗ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФУ ТАНДУРУСТӢ

3 апрели соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафар ба Ҷамоати деҳоти Ориён дар деҳаи Ҳалқаруд аз маркази саломатии деҳоти дидан карда, дар деҳаи Ҳафттеппа бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии мактаб дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ бунёд меёбад, шинос гардид.
Аснои боздид аз сохтмон ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки бинои нав дар ду ошёна бо 9 синфхона ва толори маҷлис бунёд ёфта, дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба устодону шогирдони муассиса туҳфа мегардад.
Дар минтақаи сохтмон раиси шаҳр бо сокинони деҳа суҳбат карда, барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу минатдорӣ намуд.