Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 11 апрели соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ рӯзи қабули шаҳрвандонро доир кард.
Ба раиси шаҳр 22 нафар сокинони шаҳр муроҷиат карда, масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, дастгирии иҷтимоӣ, бунёди иншооти варзишӣ ва дигар мушкилоти зиндагиашонро матраҳ намуданд.
Раиси шаҳр, барои сари вақт ҳал кардани масъалаҳои дар муроҷиатҳо ифшогардида, инчунин ҷавоб гардонидан дар муҳлатҳои муайянгардида ба муроҷиатҳое, ки баррасии онҳо вақти муайянро талаб менамояд, муовинон ва дигар шахсони масъулро муваззаф намуд.