Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Имрӯз, 11 апрел раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пас аз анҷоми рӯзи қабули шаҳрвандон, бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмон ва ободонӣ ба шаҳраки Ҳисор ташриф овард.
Раиси шаҳр, нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмони кӯдакистон, ки дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар кӯчаи Султон Раҷабов бо маблағи зиёда аз 15 млн. сомонӣ бунёд меёбад шинос гардид ва бо сохтмончиён суҳбат карда, барои вусъати корҳо ва анҷоми сохтмон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолият дастуру супориш дод.
Дар идомаи сафари корӣ, раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар муассисаи томактабии №7, “Садбарг” дидан карда, масъулинро барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани таъмири кӯдакистон ҳидоят намуд.
Раиси шаҳр дар фарҷоми сафари корӣ бо корҳои ободонӣ дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр шинос гардид. Ба масъулини муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ ҷиҳати ба тартиб овардани гулу бутаҳо ва майсазорони назди Нишон ва Парчами давлатӣ, инчунин, шафати роҳи 2,7 километраи даромадгоҳи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.