Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Навобод, 22 апрели соли равон раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар деҳаи Обигармӣ бо ҷараёни сохтмони муассисаи хусусии томактабӣ, ки бо саҳми омӯзгори МТМУ рақами 88 Бободавлат Раҷабов ва фарзандонаш бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бунёд меёбад, шинос гардид.
Раиси шаҳр бо иншоот ва лоиҳаи ангоравии он ошно шуд ва ба омӯзгор ва фарзандонаш барои иқдоми ватандӯстона сипосгузорӣ намуд.
Ба раиси шаҳр иттилло доданд, ки бинои муассиса барои 140 кӯдак бунёд ёфта, оянда аз ҳисоби заминҳои ҳамшафат васеъ мегардад ва имконияти фарогирии бештари кӯдакон дар назар дошта шудааст. Дар боми бино вобаста ба талаботи замон, барои таъмини муассиса бо барқи доимӣ батареяҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Ҳамзамон, афзуданд, ки дар он кӯдакон натанҳо аз деҳаи Обигармӣ, балки аз деҳаҳои гирду атроф – Лолагӣ, Мавлонҷар, Хирманак, Сулаймонӣ ва ғайраҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд ва сохтмончиён тасмим гирифтаанд дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолият кӯдакистон мавриди истифода қарор дода шавад.

