Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИЗҲОРИ ТАССАЛИЯТ ВА ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРЗАНДОНИ ИШТИРОКЧИИ ФАВТИДАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

8-уми майи соли равон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода барои расонидани паёми табрикотӣ ва 50 000 сомонӣ туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 20 000 сомонӣ туҳфаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлаттии шаҳр ба охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Ҳисор Раҷаб Исмонов, ба деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор ташриф оварданд.
Муовини Савазири мамлакат аснои супоридани туҳфаи Пешвои милллат бо фарзандону пайвандони Раҷаб Исмонов суҳбат карда, ба онҳо аз номи Роҳбари давлат изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд ва ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, қаҳрамониву ҷоннисории Раҷаб Исмонов барин фарзандони ватанро дар таъмини сулҳу субот, тинҷиву оромии мардум ва рушди диёр ситоиш карда, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнатро вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат маънидод намуд.
Фарзандону пайвандони ҷанговари зиндаёд Раҷаб Исмонов бо хушҳолӣ аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ карда, бо дуову дуруд дар сиёсати созандаву ободкорона ва фаъолияти пурмасъули Пешвои миллат барору муваффақият ва барои Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно намуданд.
Дар маросими туҳфасупорӣ муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва намояндагони дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Ҳисор, аъзои фаъоли Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр иштирок доштанд.