Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАҲФИЛИ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ҲИСОР

5 майи соли равон дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бо ибтикори бахши ИНТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Адибони шаҳр аз зиндагинома ва эҷодиёти шахсияти барҷастаи адабиёт, адиби сулҳпарвар, дустиву бародарии ӯ бо шоирону нависандагони кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо ёдовар шуда, шеърҳои дар васфи устод Мирзо Турсунзода таълифнамудаи худро манзури аҳли маҳфил намуданд.