Шоми 23 майи соли 2026 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намоиши дастовардҳои варзишгарони шаҳр ва чорабинии пуршукӯҳи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, баргузории ҳамоиши Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро дар остонаи ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ҳамзамон Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, бо Қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шудааст, инчунин баргузории чорабиниро дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми нек арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба рӯзҳое рост омадааст, ки бо ташаббус ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 19-уми майи соли 2026 мушти хок аз маҳалли дафни шахсиятҳои бузург, арбоби аввалини давлатӣ ва яке аз асосгузорони Тоҷикистони навин Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ҳамсафи наздики ӯ, сиёсатмадори барҷастаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва аввалин вазири маорифи Тоҷикистон ва маорифпарвари бузурги тоҷикон Нисор Муҳаммад аз Русия ба Ватан оварда шуд.
Ин иқдоми ватандӯстона, амали беназири таърихии Пешвои миллат нисбат ба фарзандони фарзонаи миллат, ки барои истиқбол ва қабули рамзии хоки ин қаҳрамонон шахсан ба фурудгоҳ ташриф оварданд нишон дод, ки заҳмату қурбониҳои фарзандони содиқи Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд ва таърих ҳамеша ҳақиқатро ба ҷои худ бармегардонад. Руҳи бузурги Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад, ки солҳои тӯлонӣ дар ғурбат ором ёфта буд, акнун ба хоки муқаддаси Ватан пайваст, то шоҳиди озодӣ, ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад. Ин рӯйдод дар таърихи навини мо ҳамчун дарси олии қадршиносӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат ва намунаи олии эҳтиром ба қаҳрамонони миллӣ сабт хоҳад шуд, то мо – ворисони ин қаҳрамонони бузург, хуб дарк кунем, ки давлату миллати мо бо чӣ гуна заҳматҳо ва қурбониҳо таъсис ёфтааст.
Раиси шаҳр аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, иштироки наврасону ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, Тоҷикистон – ватани азизи ман”, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад ва дастовардҳои варзишгарон ёдовар шуда, афзуд, ки сол то сол сафи иштирокчиён аз ҳисоби ҷавонон дар шаҳр бештар мегардад.
Дар чорабинии тантанавӣ, як қатор ҷавонони фаъол аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, муассисаву ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ бо “Сипоснома”- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида, инчуни маблағи гирандагони Стипендияи раиси шаҳр пардохт карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, ҳунармандони ансамблҳои шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод карда, ба чорабинӣ ҳусни идона эҳдо намуданд.


