Имрӯз, 24 май, дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор маросими оғози даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Ин озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар доир карда мешавад.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Зиёвиддинзода Гулноза озмунро оғози расмӣ бахшида, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва дар соли 2026 барои баргузорӣ ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ғолиби Шоҳҷоизаи озмун бо 70 000 сомонӣ ва омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд, бо 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз мегарданд.
Ҳамчунин, ҳамаи ғолибони даври ҷумҳуриявӣ (ҷойҳои 1, 2, 3) дар муассисаҳои олии мамлакат ба ихтисосҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бе имтиҳон (хориҷ аз Маркази миллии тестӣ) ба таври ройгон қабул карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки бо низоми шартномавӣ (пулакӣ) ё ғоибона таҳсил мекунанд, дар сурати ғолибият ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки таҳсили худро ба шакли ройгон (ройгони рӯзона) иваз намоянд.
Имсол дар шаҳри Ҳисор, дар даври аввали озмун наздик ба 8000 довталабон иштирок карда, зиёда аз 1400 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Муовини раиси шаҳр ба довталабон муваффақият орзу намуда, ҳамзамон, ҳакамонро ба баҳогузории одилона ба донишу малакаи хонандагон ҳидоят намуд.
Маврид ба зикр аст, ки озмун аз рӯи 8 номинатсияи асосӣ – математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.

