Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз, 1-уми июн, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Ҳисор чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардид. Ин рӯз, ки ҳамасола дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад, рамзи ғамхорӣ нисбат ба насли наврас, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди онҳо мебошад.
Дар чорабинии идона муовини Раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода иштирок намуда, нахуст аз намоиши дастовардҳои кӯдакон, корҳои эҷодӣ, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсули фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр дидан карданд. Зимни боздид бо кӯдакону омӯзгорон ва тарбиятгирандагон суҳбатҳои самимӣ баргузор гардида, ба сатҳи дониш, истеъдод ва маҳорати онҳо баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки кӯдакон ояндаи миллат буда, тарбияи дуруст, таълиму омӯзиши босифат ва фароҳам овардани муҳити солим барои онҳо аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад. Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва наврасон шароити мусоид муҳайё гардидааст. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кӯдакон туҳфаҳои идона тақдим карда шуда, инчунин ба модарон шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд, ки боиси хушҳолии онҳо гардид. Ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба модар ва қадршиносӣ аз саҳми ӯ дар тарбияи фарзандони солим ва соҳибмаърифат арзёбӣ шуд.
Сипас барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки хонандагон, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва ҳунармандони ҷавон баргузор гардид. Кӯдакон бо сурудҳо, рақсу таронаҳо ва саҳначаҳои ҷолиб маҳорати худро нишон дода, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хос бахшиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Ҳисор Гулноза Зиёвиддинзода суханронӣ намуда, тамоми кӯдакони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфтанд. Зикр гардид, ки кӯдакон сарвати бебаҳои миллат ва ояндаи дурахшони кишвар мебошанд ва барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Чорабинӣ дар фазои идона, шодиву нишот ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, барои иштирокчиён хотираҳои некро ба ёдгор гузошт.