Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 6 июни соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ рӯзи қабули шаҳрвандонро доир намуд.
Ба раиси шаҳр 6 нафар сокинони шаҳр вобаста ба масъалаҳои мавриди назарашон, аз ҷумла дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти зиндагӣ муроҷиат карданд.
Раиси шаҳр, барои сари вақт баррасӣ кардани масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида, инчунин ҷавоб гардонидан дар муҳлатҳои муайянгардида муовинон ва дигар шахсони масъулро муваззаф намуд.