9 июни соли равон раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор аз як қатор иншооти истеҳсолӣ, кишоварзӣ ва хизматрасонии ҳудуди шаҳр боздид ба амал овард.
Нахуст, раиси шаҳр аз гармхонаи замонавӣ дар ВҶамоати деҳоти Сомон,т ки масоҳати 2 гектар бунёд ёфтааст,дидан намуда, бо фаъолияти он, шароити парвариши сабзавот ва истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ шинос гардид. Зимни суҳбат бо масъулин таъкид карда шуд, ки истифодаи усулҳои пешрафтаи истеҳсолӣ метавонад ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Сипас раиси шаҳр аз Маркази савдо ва хизматрасонии «Алмосӣ» боздид намуда, бо фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва шароити фароҳамгардида барои сокинон ва меҳмонон шинос шуд. Маъмурияти маркази савдо ба раиси шаҳр оид ба ҳаҷми хизматрасонӣ, шумораи ҷойҳои корӣ ва нақшаҳои минбаъдаи рушд маълумот пешниҳод намуданд.
Раиси шаҳр дар идомаи сафари корӣ аз фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Арк-Агро», воқеъ дар деҳаи Ситораи Ҷамоати деҳоти Навобод, боздид карда, бо фаъолияти корхона, иқтидор ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва нақши он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ шинос гардид. Қайд гардид, ки корхона дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, хоса гӯшти паранда саҳми назаррас дорад.
Ҳамчунин, раиси шаҳр аз корхонаи коркарди оҳан ва пластика, дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо шинос гардида, бо раванди истеҳсолот ва имкониятҳои корхона шинос гардид. Зимни боздид масъалаҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи сафар раиси шаҳр аз ғаллазори ҶДММ “Латиф Муродов” дидан карда, барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба деҳқонон маслиҳату тавсияҳои судманд дод.
Ҳамчунин, аз рафти таъмиру тармими хобгоҳи Муассисаи давлатии колеҷи омӯзгорӣ дидан карда, барои то оғози соли таҳсил ба истифода додани он масъулони сохтмонро ӯҳдадор намуд.


