Бо мақсади таъмини тозагии муҳити зист, риояи қоидаҳои санитарию экологӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, риояи талаботи стандартҳои давлатӣ, дар нуқтаҳои хизматрасонии минтақаҳои сайёҳии ҳудуди шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, мутахассисони сохторҳои назорати давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (Тоҷикстандарт) рейди муштарак баргузор гардид.
Санҷиш нишон дод, ки ҳолати бештари мавзеҳои сайёҳӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Сатҳу сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Даҳбед”, тарабхонаи “Шоми Қалъа”, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам баъзе камбудиҳои ҷузъи ба назар расид. Маъмурони меҳмонхонаву тарабхона ва маконҳои сайёҳӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо огоҳонида шуданд.
Зимни баргузории рейд ҳолатҳои санитариву экологии нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, тарабхонаву ошхонаҳо меҳмонхонаҳо, шароити қабулу гусели сайёҳон дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор мавриди санҷиш қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ нисбати тозагию ҳифзи муҳити зист ва гирду атрофи макони ташрифи сайёҳон, истифодаи дурусти воситаҳои ченкунӣ ва пешниҳоди маҳсулоти босифат ба сайёҳон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин, аснои боздид бо соҳибкорон ва шаҳрвандон оид ба зарурати риояи талаботи экологӣ, стандартҳои давлатӣ, масъулият дар муошират ва риояи маърифати ҳуқуқӣ сӯҳбат карда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба роҳ мондани корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ масъулин вазифадор гардиданд.
Таъкид гардид, ки чунин рейдҳо минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, нисбат ба шахсоне, ки талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраршударо риоя намекунанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.


