Дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шодмони Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор мумфаршкунии роҳи мошингард бо дарозии зиёда аз як километр бо суръати баланд идома дорад.
Роҳи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташаббус ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯсту саховатпешаи деҳаи мазкур бунёд гардида, деҳаи Шодмонро бо деҳаи Хоҷа Мусо, маркази ҷамоат ва шаҳраки Ҳисор мепайвандад. Дар доираи таъмиру тармими роҳи мазкур барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ҳангоми шаб, дар шафати роҳ чароғҳои равшанидиҳанда насб карда мешавад.
Иқдоми пешгирифтаи сокинони деҳа дар баробари рушди маҳал ба боз ҳам ободу зебо гардидани деҳа мусоидат карда, туҳфаи арзишманд ба сокинону меҳмонони шаҳр ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолият маҳсуб меёбад.