Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, 11 июли соли 2026 раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳокимияти давлатӣ рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.
Ба раиси шаҳр 12 нафар сокинони шаҳр муроҷиат карда, вобаста ба масъалаҳои мавриди назарашон, аз ҷумла дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ ва ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, дастгирии иҷтимоӣ, дастраси ба оби нӯшокӣ ва дигар мушкилоти зиндагӣ муроҷиат карданд.
Раиси шаҳр, барои сари вақт баррасӣ кардани масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида, инчунин ҷавоб гардонидан дар муҳлатҳои муайянгардида муовинон ва дигар шахсони масъулро вазифдор намуд.