Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҲАЙАТИ КУМИТАИ КИШОВАРЗИИ ЧИН БОЗДИДИ ҲИСОР НАМУД

Имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумимиллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи мазкур Ли Тезинхэн истиқбол намуда, меҳмононро ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор роҳнамоӣ кард.
Зимни боздид меҳмонон бо таъриху фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд.
Сафари ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумимиллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 14–17 сентябри соли 2026 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Сафари мазкур дар доираи рушди пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин сурат гирифта, барои тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти рушди устувори кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тибқи лоиҳаи барнома, 15 сентябри соли 2026 мулоқоти ҳайат бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ҷониби Чин изҳори сипос аз ин ҳамкории судманд намуда, хоҳиш намудааст, ки дар доираи сафар ба ноҳияҳои Данғара ва Дӯстӣ ташриф оварда, бо лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла фаъолияти Боғи дӯстии Тоҷикистону Чин ва иншооти ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» шинос шаванд.