Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РАИСИ ШАҲРИ ҲИСОР АЗ РАВАНДИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДИДАН НАМУД

Имрӯз раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор аз рафти баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дидан намуд.
Зимни боздид раиси шаҳр раванди баргузории озмунро дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор, аз ҷумла Коллеҷи тиббӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Зикр гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон заминаи муҳим фароҳам меорад.
Раиси шаҳр бо иштирокчиёни озмун суҳбат намуда, ба онҳо барои нишон додани донишу маҳорати худ барору муваффақият орзу кард.