Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари корӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, кормандони Раёсати кишоварзӣ, собиқадорони меҳнат бо мақсади оғоз бахшидан ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ба як қатор хоҷагиҳои пахтакори шаҳр ташриф оварданд.
Сафари корӣ аз Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди “Абдурауф Юсуфов оғоз гардид. Дар ин ҷо ба ҷамъоварии ҳосили пахта расман оғоз бахшида шуд. Дар бригадаи №17 майдони кишти пахта гектар-ро ташкил дода, сардори бригада Икромиддин Қодиров мебошад.
Ҳамчунин, ҳайати корӣ дар доираи сафар ба Корхонаи воҳиди таълимӣ-таҷрибавӣ «Ҳисор» ташриф оварда, аз раванди оғози ҷамъоварии пахта шинос шуданд.
Сипас, аз корхонаи коркард ва қабули пахтаи «Органик-Котон» боздид ба амал оварда, ба омодагии корхона барои қабули пахтаи ҷамъоваришуда дар мавсими имсола таваҷҷӯҳ намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди «50-солагии Октябр» низ ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз бахшиданд.
Раиси шаҳр ва пирони кор зимни боздид аз раванди ҷамъоварии ҳосили пахта оид ба масъалаҳои самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта, омодагии техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ ва таъмини шароити мусоиди меҳнат барои чинакчиён ба масъулин маслиҳат ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.